Маросими расмии пардабардории лавҳаи аккредитатсияи байналмилалии АБНА дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ
27 феврали соли 2025 дар Маркази минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифтитоҳи расмии пардабардории лавҳаи аккредитатсияи байналмилалии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) баргузор гардид. Дар маросими тантанавӣ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Амонзода Илҳом ва директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, профессор Илҳом Мирсаидзода ширкат варзиданд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Амонзода Илҳом зимни суханронии худ вобаста ба аҳамияти ин аккредитатсияи байналмилалӣ, ки он намунаи барбаршавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ буда ва эътимоди ин Марказро дар арсаи байналмилалӣ инъкос менамояд, изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳои минбаъда бо АБНА боз ҳам густариш дода мешаванд.
Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, профессор Илҳом Мирсаидзода дар навбати худ қайд намуд, ки эътироф намудани мақоми Маркази минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯйдоди муҳиме аст, ки имконоти нави ҳамкорӣ бо шарикони рушдро фароҳам оварда ва барои омоданамоии мутахассисон ва бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 23 январи соли равон дар қароргоҳи Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷамъомади тантанавӣ оид ба супоридани лавҳа ба Маркази минтақавии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд, ки он сатҳи баланди мутобиқати Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиро ба талаботҳои байналмилалӣ инъикос менамояд.