Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Нашрияҳо


Синтези механохимиявии моделиронишудаи пайвастагиҳои гидридии бор ва алюминий  ва хусусиятҳои энергетикӣ ва термодинамикии онҳо 

Маълумоти мухтасар: Китоб ба ходимони соҳаи илм, шавқмандони таърихи илм, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мешавад. Дар китоб натиҷаҳои синтези моделии боро- ва алюмогидридҳои металлҳо ва гидриди алюминий оварда шудаанд. Шартҳои синтези гидриди алюминий ва боро-ва алюмогидридҳои металлҳо бо усули механохимиявӣ нишон дода шудаанд. Ба хусусиятҳои термодинамикӣ ва энергетикии гидридҳои бор ва алюминий диққати махсус дода шудааст.

Соли нашр: 2021

Боргирӣ





ОНҲО ШӮҲРАТЁРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маълумоти мутахсар: Маълумоти мухтасар: Дар китоб мақолаҳои У.Мирсаидов, ки дар солҳои гуногун нашр шудаанд, оварда шудаанд. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти одамони маъруфи Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, ки дар рушди ҷомеа ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим доранд тавсиф карда шудааст,. Дар ин китоб муаллиф намунаҳои мулоқотҳои худро бо олимони пешбар ва шахсиятҳои ҳизбию давлатии кишвар нишон медиҳад. Роҳҳои зиндагии онҳоро шарҳ медиҳад, ки як мисоли равшани хидмат ба Ватан аст. Китоб барои доираи васеи хонандагон, ки ба таърихи маърифати илм, ҳаёт ва фаъолияти шахсони маъруфи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд, тавсия карда мешавад.

Соли нашр: 2020

Боргирӣ





 АКАДЕМИК НУМОНОВ И.У.  - ДУНЁИ ИЛМӢ 

Маълумоти мутахсар: Дар китоб мақолаҳои У.М. Мирсаидов дар бораи фаъолияти академик И.У. Нумонов ҷамъ оварда шудаанд, ки дар солҳои гуногун нашр шудаанд, инчунин муаллиф шарҳи мухтасари ҳамкасбонро дар бораи И.У. Нумонов тартиб додааст. Муаллиф, ки солҳои тӯлонӣ зери роҳбарии И. Нумонов фаъолият намудааст, дар бораи ташаккули самтҳои асосии химия дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, нақши махсуси Нумоновро дар рушди ин самтҳо таъкид менамояд.

Соли нашр: 2019

Боргирӣ




  ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ТАШКИЛИИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНИИ АИ ҶТ ДАР СОЛҲОИ 2006-2016 

Маълумоти мутахсар: Дар китоб рӯйхати корҳои илмӣ ва патентҳои Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корҳои илмӣ дар соҳаи коркарди маъдаҳои бор- ва алюмосиликатдор ва ашёи хоми урандор оварда шудаанд. Ғайр аз ин, дар китоб рӯйхати корҳои илмӣ дар соҳаи омузиши моддаҳои ғунҷоиши энергияашон баланд, ки аз тарафи кормандони Агентӣ бо роҳи грантҳо ва Фонди тадқиқотҳои бунёдӣ иҷро шудаанд, оварда шудааст.

Соли нашр: 2016

Боргирӣ




 

АВРОҚИ ПЕЧУТОБИ ИЛМИ ТОҶИК   

Маълумоти мутахсар: Дар маҷмӯаи мазкур мақола ва мусоҳибаҳои муаллиф бахшида ба тағӣирот, проблемаҳо ва масъалаҳои муҳими эҳъёи илм; санаҳои таърихии ривоҷи илм ва хотирот оиди олимони барҷаста, ки дар матбуоти даврӣ солҳои охир чоп шудаанд, гирд оварда шудаанд.Китоб ба ходимони соҳаи илм, шавқмандони таърихи илм, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мешавад.

Соли нашр: 2009

Боргирӣ


Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ