Маросими имзои нақшаи стратегии навсозишуда ва такмилёфтаи барқарорсозии муҳити зист дар маконҳои мероси ураниумӣ дар Осиёи Марказӣ.
Рӯзи 21 сентябри соли 2021 дар доираи 65-умин ҷаласаи умумии Маҷлиси генералии МАГАТЭ маросими имзои нақшаи стратегии бознигариш ва навсозии барқарорсозии муҳити зист дар майдонҳои мероси уранӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ видео-презентатсия оид ба дастовардҳо ва вазифаҳои минбаъда дар соҳаи барқарорсозии муҳити зист дар майдонҳои мероси уранӣ дар Осиёи Марказӣ намоиш дода шуд. Бо гузоришҳо намояндагони МАГАТЭ, Иттиҳоди Аврупо, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад намуданд.
Дар охири ҷаласа ҳуҷҷат имзо шуд.
Бо сухани директори Агентии амнияти атомӣ ва радиатсионӣ НАНТ метавонед тавассути пайванд: https://nrsa.tj/video/21-09-2021_IAEAI_ULS_updating_agreement.mp4 шинос шавед.