Маҷлиси солонаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ
29 декабри соли 2021 дар Маркази минтақавии омӯзишӣ маҷлиси солонаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ баргузор гардид.
Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода кушод. Ӯ ба ҳамаи кормандон барои саҳмашон дар рушди Агентӣ дар соли 2021 изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки тибқи Қарори Президиуми АМИТ №117 аз 05 ноябри соли 2021 номи Агентӣ ба Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иваз гардида, корҳо дар самтҳои нав дар пешанд.
Директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода дар маърӯзаи худ дар бораи дастовардҳои панҷ соли охир ҳарф зад. Ба сохтмони Маркази криминалистикии минтақавӣ бо 16 озмоишгоҳ, сохтмони филиалҳо дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, насби мониторҳои радиатсионӣ дар нуқтаҳои гумрукӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Сипас ҳисоботи солонаи роҳбарони шуъбаҳо, бахшҳо ва Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд шунида шуданд. Оид ба дастовардҳо, камбудиҳо ва нақшаҳо барои соли 2022 маълумот дода шуд.
Дар ҷамъомад овоздиҳӣ барои "Сардори сол" ва "Корманди сол" баргузор гардид. Баротов Бахтиёр ва Ҳамидов Фарход ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар анҷом директори Агентӣ кормандонро бо натиҷаҳои хуб ва соли нави 2022 табрик гуфт ва дастур дод, ки нақшаи кории Агентӣ барои соли 2022 таҳия карда шавад.