Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм
Ҳамасола 11-уми феврал дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм таҷлил мегардад, ки бо қарори Маҷмааи Умумии СММ барои таъмини дастрасии комил ва баробар ба иштироки занон ва духтарон дар илм қабул шудааст.
9-уми феврали соли 2023 Каюмова Дилором Абдулҳамидовна (н.и.б.), муовини президенти шуъбаи миллии "Хонуми ядроӣ" (WiN Tajikistan), масъули тарғиби илм дар байни ҷавонон, ҳамроҳ бо муовини президент Шарофова Мижгона Умеджоновна (д.и.т.) мизи гирд бахшида ба "Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм"-ро ташкил намуданд. Ҳадафи мизи гирд — тарғиби илм дар байни занон ва духтарон тавассути мубодилаи таҷриба мебошад.
Дар чанд соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷалб ва ҳавасмандсозии занону духтарон ба илм саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додааст.
Иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон ва духтарон дар фаъолияти илмӣ нақши муҳим мебозад дар таъмини гуногунандешии таҳқиқоти илмӣ, тавсеаи доираи муҳаққиқони соҳибистеъдод ва воридсозии дидгоҳҳои нав.
Дар доираи ҳамкорӣ, иштирокчиёни мизи гирд намояндагони шуъбаи миллии «Хонуми ядроӣ» дар назди Агентии амният дар соҳаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ва «Ассотсиатсияи заноне, ки пиряхҳоро меомӯзанд» аз Маркази давлатии омӯзиши пиряхҳои АМИТ буданд.
Дар мизи гирд гузоришҳо ва пешниҳодҳои олимон аз соҳаҳои гуногун шунида ва баррасӣ шуданд.
Тавре маълум аст, занон дар бисёре аз соҳаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ ба қадри кофӣ намояндагӣ намекунанд ва бахши амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ низ истисно нест. Аз ҷумла, сардори бахши назорати таълими касбии аҳолии Агентӣ, н.и.т., Шосафарова Шоира Гулмахмадовна дар бораи саҳми занон дар соҳаи амнияти ядроӣ ва фаъолияти асосии Агентӣ суханронӣ намуданд.
Намояндагони Ассотсиатсияи «Заноне, ки пиряхҳоро меомӯзанд» дастовардҳои худро дар соҳаи глятсиология тавассути презентатсияҳо нишон доданд.
Шарофова Мижгона Умеджоновна ҳамчунин таҷриба ва дастовардҳои худро дар соҳаи илм ба ҳозирин нақл карда, ба ҳамаи иштирокдорон дар ин роҳи душвор, вале пурифтихор комёбӣ орзу намуданд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки занону духтарон ҳамоно дар сафи пеши таҳқиқоти навоварона қарор доранд ва барои наслҳои оянда намунаи ибрат мебошанд.