Ҷамъомади тантанавӣ, бахшида ба солгарди сеюми таъсисёбии Шуъбаи миллии «Хонуми ядроӣ»
6 марти соли 2023 дар Маркази минтақавии таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба солгарди сеюми таъсиси шуъбаи миллии “Хонуми ядроӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 70 иштирокчӣ, аз ҷумла меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ тавассути шабакаи интернет ширкат варзиданд.
Директори Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ Илҳом Мирсаидзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳамаи занонро бо Рӯзи модар ва солгарди сеюми таъсиси “Хонуми ядроӣ” табрик гуфт. Ӯ нақши рӯз афзунашавандаи занонро дар илм, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ таъкид намуда, аз дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъдаи созмон ёдовар шуд.
Ба табрикоти директор д.и.х., профессор, академик Улмас Мирсаидов ҳамроҳ шуда, ҳамаи занонро бо Рӯзи модар ва солгарди сеюми “Хонуми ядроӣ” табрик гуфт ва ба онҳо дар роҳи расидан ба ҳадафҳо барору комёбӣ таманно кард.
Зарина Сайфиева, президенти шуъбаи миллии “Хонуми ядроӣ” ҳамаи ҳозиринро бо Рӯзи модар ва солгарди сеюм табрик намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори сипос кард.
Сипас намояндагони WIN аз кишварҳои хориҷӣ — Евгения Еньшина (WiN Россия), Ли Марина (WiN Ӯзбекистон) ва дигар шарикон бо табрикоти самимӣ баромад карданд ва ба фаъолияти шуъба комёбиҳои нав орзу карданд.
Инчунин к.и.х. Хакмова Нодира Умаровна, к.и.х. Гайбуллоева Зумрат Ҳабибовна ва к.и.м. Абиджанова Нигора Нафизовна баромад намуда, ҳамаи ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик карданд.