Сафари иштирокчиёни Шуъбаи миллии «Хонуми ядроӣ» ба корхонаи истеҳсолии ҶСК «АЗОТ» ва неругоҳи барқи обии «Сарбанд», шаҳри Леваканди вилояти Хатлон
11 майи соли 2023, иштирокчиёни Шӯъбаи миллии «Хонуми ядроӣ» аз корхонаи истеҳсолии ҶСК «АЗОТ» ва Нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд», воқеъ дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Ҳадафи сафари корӣ:
Тарғиби фаъолияти занони олим ва мутахассис аз соҳаҳои гуногуни илм ва технология дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон;
Рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо занони дигар шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо мақсади тавсеаи ташаббусҳои занона, густариши ҳамкорӣ ва таҳкими нақши занон дар ҷомеа.
Аҳамияти сафар:
Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар самти баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон, то ҳол занон дар соҳаи касбӣ, аз ҷумла илм, технология ва инноватсия, бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд. Аз ин рӯ, тарғибу ташвиқи занон дар ин соҳаҳо яке аз вазифаҳои муҳим барои рушди сармояи зеҳнии кишвар маҳсуб мешавад.
🏭 Боздид аз корхонаи ҶСК «АЗОТ»:
Иштирокчиёнро директори техникии корхона, Гадоев Тодҷиддин пешвоз гирифта, онҳоро дар тамоми давраи сафари корӣ ҳамроҳӣ намуд.
Тибқи барномаи боздид, бо сухани ифтитоҳӣ директори генералии корхона, Шарипов Умеджон Шарофиддинович баромад намуда, таъкид кард, ки «АЗОТ» яке аз аввалин корхонаҳои бузурги кимиёвии Тоҷикистон мебошад. Ин корхона аз соли 1967 фаъолият дорад ва дорои ду хатти истеҳсолии аммиак (110 ҳазор тонна) ва карбамид (180 ҳазор тонна) дар як сол мебошад.
Маҳсулоти корхона — карбамид барои кишоварзӣ, диоксиди карбон (CO₂) барои саноати хӯрокворӣ, оксигени газӣ (O₂) барои тиб ва кафшери металлҳо, нитрогени моеъ (N₂) барои чорводорӣ ва аммиаки моеъ (NH₃) барои яхдонҳои саноатӣ мебошанд. Ин маҳсулот на танҳо дар дохили кишвар, балки ба хориҷ низ содирот мешавад.
Шарипов У.Ш. дар суханронии худ оид ба нақши муҳими занон дар рушди корхона ва фаъолияти онҳо дар ҳайати муҳандисону мутахассисон ибрози андеша намуд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхона боздид намуда, кори таъмир ва таҷдидро мусбат арзёбӣ кард.
Имрӯз дар корхона таҷҳизоти муосири идоракунии «Centum VP» ва «ProSafe RS» истифода мешаванд. Инчунин, дастгоҳҳои назоратӣ ва муҳофизати фавқулода пурра иваз карда шудаанд ва бо таҷҳизоти ширкатҳои ҷаҳонӣ ба мисли Siemens, Samson, Emerson, Metran ва ABB таъмин мебошанд. Пешвои миллат ба сифати маҳсулот ва омода намудани мутахассисони ҷавони соҳа аҳамияти хос доданд.
Мулоқот бо раиси шаҳри Леваканд:
Раиси шаҳри Леваканд — Файзиддинзода Бунафша дар вохӯрӣ иштирок намуда, нақши занон ва ҷавононро дар рушди шаҳр таъкид кард. Ӯ махсусан ба фаъолияти занон дар корхонаҳои саноатии вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро зикр намуд.
Маърӯза ва суханронии роҳбари "Хонуми ядроӣ":
Сайфиева Зарина — президенти Шӯъбаи миллии «Хонуми ядроӣ» оид ба таърих, ҳадафҳо ва фаъолияти ташкилот маълумот дода, аз роҳбарияти ҶСК «АЗОТ» ва мақомоти шаҳри Леваканд барои дастгирии ташкили вохӯрӣ ва ҳамкорӣ бо занони мутахассис изҳори миннатдорӣ намуд.
Музокироти тарафайн:
Иштирокчиёни "Хонуми ядроӣ" — Ҳакимова Нодира Умаровна, Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна, Мамадюсуфова Мене Гуломайдаровна ва Абдуллоева Саодат Ҳакимовна — роҳҳои имконпазири ҳамкориро бо намояндагони корхона баррасӣ намуданд.
Тӯҳфаҳои ёдгорӣ:
Дар анҷоми боздид, Сайфиева Зарина ба роҳбарияти корхона тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Мулоқот бо занони фаъол:
Дар коргоҳ вохӯрӣ бо занони фаъол баргузор гардид. Дар вохӯрӣ занони зерин ширкат карданд:
Рӯzieва Шоҳида – муҳандис оид ба автоматика,
Раҳимова Сурайё – оператори цехи «Поксозии гази табиӣ»,
Наимова Райҳонгул – усто оид ба муҳофизати реле ва автоматикаи истеҳсолот,
Юсупова Бахти ва Исоёва Фарзона – операторони цехи «Карбамид»,
Яҳёева Ниссо – мудири лабораторияи истеҳсолӣ,
Маҳмадалиева Шаҳло ва Ҷурахонова Собира – лаборантҳои «Поксозии об»,
Кирдляшкина Анна – техник-конструктор,
Музаффарова Мамагул – устои цехи «Аммиак»,
Раҳимова Меҳриниссо – оператори цехи «Ҷудокунии ҳаво».
Онҳо дар бораи фаъолияти худ, муваффақиятҳои шахсӣ ва истеҳсолӣ сухан гуфтанд ва изҳори ҳавасмандӣ карданд, ки дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи миллии «Хонуми ядроӣ» иштирок кунанд.
Боздид аз НБО «Сарбанд»:
Баъди боздид аз «АЗОТ», иштирокчиён аз Нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» боздид намуданд. Гурӯҳро директори генералии нерӯгоҳ, Маҳмадхонов Ҷамшед Гуломович, пешвоз гирифт.
Ӯ иттилоъ дод, ки НБО «Сарбанд» бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт яке аз панҷ иншооти калони энергетикӣ дар дарёи Вахш мебошад. Сохтмони он соли 1956 оғоз гардида, агрегати аввал соли 1962 ба кор даромад.
Имрӯз дар нерӯгоҳ 162 нафар фаъолият доранд, ки аз он ҷумла 25 нафар занон мебошанд. Ҳайати муҳандисӣ-техникӣ 75 нафарро ташкил медиҳад. Барои таъмини устувории сохтмон ва бехатарӣ, корҳои мустаҳкамсозии соҳил ва бетонсозии канали васлкунанда бо ҳаҷми 1800 м³ ва дарозии 90 метр аз сатҳи 455 то 460,5 метр анҷом дода мешаванд.
Саволу ҷавоб:
Иштирокчиёни «Хонуми ядроӣ» аз роҳбари нерӯгоҳ дар бораи истифодаи технологияҳои илмӣ, тадбирҳои амниятӣ ва саҳми занон дар фаъолияти нерӯгоҳ пурсиш карданд. Ҷамшед Гуломович омодагии худро ба ҳамкориҳои минбаъда бо Шӯъбаи миллии «Хонуми ядроӣ» изҳор намуд.