Экспедитсия бо мақсади баргузор намудани мониторинги радиатсионӣ дар дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон
Аз 7 то 9 августи соли 2025 бо мақсади мониторинг ва арзёбии вазъи радиатсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов ва бо иштироки кормандони илмии Агентӣ, сафари экспедитсионӣ ба дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон ташкил карда шуд. Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳолати кунунӣ ва вазъи радиатсионии пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч», “Кули Чукурак”, “Кули Калон” ва ёдгориҳои таърихии “Мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”-ро бо истифода аз усулҳои пешбинигардида ва таҷҳизотҳои наву замонавӣ, барои муайянкунӣ ва таҳияи харитаи радиатсионӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор доданд. Аз минтақаҳои тадқиқотшаванда барои муайян кардани мавҷудияти радионуклидҳо намунаҳои об ва хок гирифта шуданд.
Аз рӯи маълумотҳои дар рафти экспедитсия ба даст омада, дар озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионии Агентӣ харитаҳои дақиқи радиатсионии ин мавзеъҳо таҳия карда мешавад.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Агенти оид ба гузаронидани мониторинги радиатсионӣ дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар назар аст.