Ҳимояи рисолаи номзадии Эшов Ҷурамурод дар мавзуи "Синтез, хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии пайвастагиҳои торий-уранӣ"
Имрӯз дар шӯрои диссертатсионии муштараки назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таҳти роҳбарии раиси Шуро, доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ Улмас Мирсаидов, ҷаласаи Шӯрои дессертатсионӣ баргузор гардад, ки дар он ходими илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Эшов Ҷурамурод Нурмуродович, рисолаи номзадии худро зери унвони "Синтез, хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии пайвастагиҳои торий-уранӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 02.00.00 – химия (02.00.01 - химияи ғайриорганикӣ) бомуваффақият ҳимоя намуд.