Маросими расмии супоридани мошинҳо ба Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ №1540
27 декабри соли 2023 маросими расмии супоридани мошинҳои Toyota Hilux, ки бо детекторҳо барои муайян кардани маводҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ба Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъномаи №1540 Шӯрои Амнияти СММ баргузор гардид.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Илҳом Мирсаидзода, ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ, аз номи донорҳои байналмилалӣ мошинҳоро барои истифодаи кормандони Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Ин кӯмаки техникӣ дар доираи лоиҳаи «Амнияти марзҳои сабз» пешниҳод гардидааст, ки ба таҳкими инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли марз бо Афғонистон равона шудааст.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳа супоридани либосҳои махсус, ҷилдиҳояи зиддитир, таҷҳизот барои гузаронидани амалиёт дар минтақаҳои кӯҳӣ, либосҳои ҳифзии махсус барои безараргардонӣ, дастгоҳҳои шаббинӣ, дурбинҳо, монокулярҳо, дастгоҳҳои иртиботӣ (радиостансияҳо), мошинҳои ҳарбии махсус, автомошинҳо, микроавтобусҳо, ки бо таҷҳизоти ҳассос барои муайян кардани қочоқи ғайриқонунии маводҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ва як қатор дигар маводҳо пешбинӣ шудааст.