Ҷаласаи ҷамъбастии Агентӣ барои соли 2023
29 декабри соли 2023 дар толори маҷлисҳои Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва таъминоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии солона бо иштироки ҳамаи кормандони Агентӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Илҳом Мирсаидзода ифтитоҳ намуда, натиҷаву дастовардҳои соли 2023-ро ҷамъбаст кард. Хусусан, ӯ зикр намуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2023 таҷлили 20-солагии таъсиси Агентӣ буд ва ҳамзамон дар бораи нақшаву дурнамо дар соли нави 2024 суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, директор ба паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истинод оварда, масъалаҳои сохтмону ободонӣ, татбиқи стратегияҳо ва барномаҳо, рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳу сифати илм ва маорифро баррасӣ намуд. Ӯ ҷавононро ба аз даст надодани вақт ва кӯшиши пайваста барои омӯхтани илм, дониш ва технологияҳои муосир даъват кард.
Дар анҷоми суханронии пурмазмун, директор ҳамаи иштирокчиёнро бо поёни сол самимона табрик намуда, изҳори умедворӣ кард, ки фазои осоишта, рӯҳияи хуби корӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар коллектив ба дастёбӣ ба қуллаҳои баланд ва муваффақият мусоидат хоҳад кард.
Сипас, роҳбарони шуъбаҳо ва бахшҳои Агентӣ ҳисоботҳои солонаро пешниҳод намуда, натиҷаҳои кори худро муфассал шарҳ доданд.